Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Arab21, режими палид ва кӯдаккуши саҳюнистӣ фишори ҳамаҷонибаро бар паёмҳои нашршуда дар Инстаграм ва Фейсбук, ки аз ин режим интиқод мекунанд ё аз ормони Фаластин ҷонибдорӣ менамоянд, оғоз кардааст. Омор нишон медиҳад, ки ширкати амрикоии Meta, соҳиби Фейсбук ва Инстаграм, аз 7 октябри 2023 то кунун бо 94 дарсади дархостҳои ҳазфи ин гуна паёмҳо аз сӯи режими саҳюнистӣ мувофиқат кардааст.
Исроил бузургтарин манбаи дархостҳои ҳазфи паёмҳо дар саросари ҷаҳон ба шумор меравад ва Meta низ аз он пайравӣ карда, доираи паёмҳои ҳазфшавандаро густариш додааст. Ин ширкат равандеро ба вуҷуд овардааст, ки метавон онро "бузургтарин амалиёти сензураи ҷамъӣ дар таърихи муосир" номид.
Бар асоси додаҳои дохилии Meta, ки аз ҷониби DropSite News ба даст омадааст, ашхоси ошно бо ин маълумот мегӯянд, ки дархостҳои ҳазф аз тарафи давлатҳо умдатан ба паёмҳое равона шудаанд, ки аз тарафи шаҳрвандони ҳамон кишварҳо мунташир мешаванд. Он чи ки амалиёти Исроилро махсус месозад, ин аст, ки сензура алайҳи паёмҳои корбарон дар кишварҳои хориҷ аз қаламравҳои ишғолшуда сурат мегирад.
Илова бар ин, манобеи огоҳ мегӯянд, ки ин лоиҳаи сензураи Исроил дар оянда низ идома хоҳад ёфт, зеро барномаи зеҳни сунъӣ, ки ҳоло барои шеносоии мазмуни сензураомез омӯзиш мебинад, дар оянда шеваи кори худро бар асоси ҳазфи муваффақонаи мазмуни интиқодӣ алайҳи ҷиноятҳои наслкушии Исроил асос хоҳад гузошт.
Дархостҳои Исроил умдатан корбарони кишварҳои арабӣ ва мусалмоннишинро ба ҳадаф гирифта, талоши густардае барои хомӯш кардани интиқодҳо аз режими саҳюнистӣ анҷом медиҳад.
342/
Your Comment